For faster navigation, this Iframe is preloading the Wikiwand page for Ноҳияи Ишкошим.

Ноҳияи Ишкошим

Ноҳияи маъмурӣ
Ишкошим
Ноҳияи Ишкошим
36°43′31″ с. ш. 71°36′48″ в. д.HGЯO
Кишвар  [[|]]
Тобеъи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Шомили 2 шаҳрак, 7 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Ишкошим
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 27 октябри 1932
Масоҳат 3656,0 км² км²
Баландӣ
  • · Миёна


  • 3000 м
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 30 600[2] нафар (2022)
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон, исмоилиҳо, шиъаҳо
Забонҳои расмӣ тоҷикӣ. Забонҳои маҳаллӣ вахонӣ (x̌ik zik)(20 ҳаз. нафар), ишкошимӣ(900 нафар)
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа IS
Рамзи ISO 3166-2 TJ.BK.IS
Коди телефон +992 3553
Нишонаи почта 736500
Домени интернет tj
Коди мошинҳо 04 TJ
Ишкошим дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ноҳияи Ишкошим (форсӣ: ناحیۀ اشکاشم‎) — ноҳияи ҷанубитарини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ин ноҳия 27 октябри соли 1932 таъсис ёфта аст. Маркази ин ноҳия рустои Ишкошим (форсӣ: اشکاشم‎) аст, ки 104 км ҷанубтар аз шаҳри Хоруғ дар канораи рӯди Панҷ ҷой дорад. Дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ (27 октябри соли 1932) дар ҳайати ВМКБ ноҳияҳои Рушон, Бартанг, Шуғнон, Роштқалъа, Вахон ва Мурғоб таъсис меёбанд. Соли 1935 ноҳияи Вахон ба ноҳияҳои Вахон ва Ишкошим ҷудо мешавад. Соли 1948 ноҳияҳои Вахону Ишкошим муттаҳид карда шуда, ноҳияи Ишкошим таъсис дода мешавад.[3]

Ноҳияи Ишкошим дар миёни қаторкӯҳҳои Роштқалъаву Ишкошиму Вахон воқеъ аст. Дар шимолу ғарб бо ноҳияи Шуғнон, дар шимол бо ноҳияи Роштқалъа, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб ва дар ҷануб бо вулусволиҳои Ишкошим ва Вахони вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.

Аз шимолу шарқи ноҳияи Ишкошим ба шимолу ғарби он рӯди Панҷ гузар мекунанд.

Ноҳияи Ишкошим 3656,0 км² масоҳат дорад.

Тақсимоти идории ВМКБ

Бино бар саршумори соли 2015 дар ноҳияи Ишкошим 30 800 нафар зиндагӣ мекунад.[4] Мардуми Ишкошим ба забонҳои порсӣ, ишкошимӣ ва вахонӣ(тақрибан 75%-и аҳолии ноҳия) сухан мегӯянд. Забони порсӣ ба минтақаи таърихии Ишкошим тавассути Бадахшон дар садаҳои XV ва XVI ворид шудааст. Порсӣгӯён ба ин минтақа бештар аз сӯи донишмандони динӣ ва камтар аз сӯи аскарони бадахшӣ дар марҳилаҳои гуногун ворид мешаванд.

Соли 2014 Соли 2015 Соли 2019 Соли 2020
30,5 30,8 32,7 32,9

Бино бар роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна, ноҳияи Ишкошим дар гузашта Вахон (форсӣ: وخان‎) ном доштааст.[5] Вале ин аз эҳтимол дур аст, зеро қабл аз "истилои" Шуравӣ Ишкошим як вулуси алоҳида ва Вахон вулусе алоҳида будаанд.

Ишкошим аз замони Сомониён то соли 1895 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Қаламрави подшоҳии Вахон сарзамини имрӯзаи водиҳои Вахони Ишкошим (форсӣ: اشکاشم‎) ҳар ду канораи рӯди Панҷро дарбар мегирифтааст.

Соли 1895 подшоҳии Ишкошим, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид ва канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.[6]

Ишкошим дар солҳои 1878 – 1920 яке аз бекигариҳои аморати Бухоро буд ва бек дар рустои Ишкошим менишаст ва мир хонда мешуд.

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон дар соли 1924, Ишкошим бахше аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардид, ки 2 январи соли 1925 таъсис дода шуд.

Бахшҳои идорӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Ишкошим 1 шаҳрак ва 6 ҷамоат дорад[7]

Ҷамоатҳои ноҳияи Ишкошим
Ҷамоат Аҳолӣ Деҳаҳо
Деҳоти Рустамбек Юсуфбеков 6567 Ишкошим, Авҷ, Дашт, Намадгути Поён, Намадгути Боло, Рин, Сумҷин, Удит, Яхшвол, Удит, Раманит, Тоқахона
Аскар Замиров 2527 Андароб, Гармчашма, Кӯҳи Лаъл, Дашти Мирӣ, Сист, Сниб, Деҳлох, Хасхоруғ
Вранг 5152 Вранг, Инеф, Внукут, Дриж, Ширгин, Ямг,Нижгар
Зонг 4863 Зонг, Зугванд, Лангар, Ҳисор, Ратм
Қозидеҳ 1880 Қозидеҳ, Бағуш, Баршор, Возг, Шанбедеҳ, Шест
Вахон 4 862 Шитхарв, Даршай
Птуп Птуп, Вичкут, Зумудг, Навобод, Туггоз, Ямчун

Сарвари ноҳияи Ишкошим Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ишкошим — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Ишкошим ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

  1. 1.0 1.1 https://web.archive.org/web/20221010195817/https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
  2. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 18 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  3. Одинамамад М. Вахон дар саҳифаҳои таърих. С.3-5
  4. Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2015 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.. 26 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
  5. Камалиддинов Ш.С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX - начала XIII вв.
  6. Постников А.В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. М.: Памятники исторической мысли, 2001. 416 стр., 8 л. карт. ISBN 5-88451-100-0
  7. Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.
{{bottomLinkPreText}} {{bottomLinkText}}
Ноҳияи Ишкошим
Listen to this article

This browser is not supported by Wikiwand :(
Wikiwand requires a browser with modern capabilities in order to provide you with the best reading experience.
Please download and use one of the following browsers:

This article was just edited, click to reload
This article has been deleted on Wikipedia (Why?)

Back to homepage

Please click Add in the dialog above
Please click Allow in the top-left corner,
then click Install Now in the dialog
Please click Open in the download dialog,
then click Install
Please click the "Downloads" icon in the Safari toolbar, open the first download in the list,
then click Install
{{::$root.activation.text}}

Install Wikiwand

Install on Chrome Install on Firefox
Don't forget to rate us

Tell your friends about Wikiwand!

Gmail Facebook Twitter Link

Enjoying Wikiwand?

Tell your friends and spread the love:
Share on Gmail Share on Facebook Share on Twitter Share on Buffer

Our magic isn't perfect

You can help our automatic cover photo selection by reporting an unsuitable photo.

This photo is visually disturbing This photo is not a good choice

Thank you for helping!


Your input will affect cover photo selection, along with input from other users.

X

Get ready for Wikiwand 2.0 🎉! the new version arrives on September 1st! Don't want to wait?