For faster navigation, this Iframe is preloading the Wikiwand page for Соли 2015.

Соли 2015

Солҳо
2011 · 2012 · 2013 · 2014 2015 2016 · 2017 · 2018 · 2019
Даҳаҳо
1990-ум · 2000-ум2010-ум2020-ум · 2030-ум
Садаҳо
садаи XX садаи XXI  — садаи XXII 

Соли 2015 (ду ҳазору понздаҳум) дар гоҳшумории мелодӣ — насоли кабиса, оғоз дар рӯзи панҷшанбе. Ин 2015 соли даврони ҳозир, 15 соли ҳазораи 3, 15 соли садаи XXI, 5 соли даҳаи 2 садаи XXI, 6 соли даҳаи 2010-ум.

  • 25 декабри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» ба имзо расонид. Қонун дар асоси пешниҳоди бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон 9 декабри соли 2015 аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» қабул ва 18 декабри соли 2015 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон якдилона ҷонибдорӣ карда шуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлоли давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон таҳия ва қабул карда шудааст.
  • Қонуни мазкур аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллатро муқаррар мекунад.[2]
  • 17 декабри соли 2015 — Википедиаи Тоҷикӣ https://tg.wikipedia.org/
  1. Шумораи мақолаҳо — зиёда аз 40 000
  2. Шумораи саҳифаҳо — 89 426 саҳ.

Аз рӯи шумораи мақолаҳо Википедиаи Тоҷикӣ дар ҷойи 83-ӯм қарор гирифтааст.

18 октябр — дар ноҳияи Айнӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакентро ифтитоҳ намуд. Роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакент 112,6 километрро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли 2012 оғоз гардида, моҳи октябри соли 2015 ба охир расид. Навсозии роҳ бо маблағи 115 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ иҷро карда шудааст. Дар ин шоҳроҳ, 31 адад пулҳои хурду бузург ва иншооти зиёди ёрирасон сохта шудаанд. Корҳои асосии сохтмонӣ ва таъмиру навсозиро ширкати чинии Сансиян Бейсин бо ҷалби мутахассисону роҳсозони маҳаллӣ, ки беш аз 80 % шумораи умумии коргаронро ташкил медиҳанд, иҷро кардааст.[3]

Дар Панҷакент Президенти мамлакат Фабрикаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки заршӯии «Зарафшон»-ро ифтитоҳ намуд. Коргоҳи дуюми заршӯии корхонаи муштараки «Зарафшон» дар давоми як сол сохта, ба истифода супорида шуд. Арзиши лоиҳавии Фабрикаи заршӯӣ бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз бо инфрасохтори мавҷуда 1миллиард сомонӣ мебошад. Дар ин коргоҳ дар як сол то 2,2 тонна тилои холис истеҳсол карда шуда, қариб 11 ҳазор тонна маъданро дар як шабонарӯз коркард менамояд. Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» то имрӯз танҳо ду коргоҳ фаъолият мекард, ки имкон дошт то 4 ҳазор тонна маъданро дар як шабонарӯз коркард намояд. Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи бузург иқтидори умумии корхона дар як шабонарӯз ба коркарди 17 ҳазор тонна маъдан баробар гардида, иқтидори истеҳсолии корхонаи муштараки «Зарафшон» то 5 тонна тило дар як сол расонида мешавад.[4]

  1. Шумораи мақолаҳо — зиёда аз 32 500
  2. Шумораи саҳифаҳо — зиёда аз 70 000

Аз рӯи шумораи мақолаҳо Википедиаи Тоҷикӣ дар ҷойи 85-ӯм қарор гирифтааст. [6]

Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҷонибдории рӯйхати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) — 1,6 %, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (ҲКТ) — 2,2 %, Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ) — 1,7 % ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) — 0,5%-и интихобкунадагон овоз доданд. Ба иттилои манбаъ, дар интихобот 4 млн. 319 ҳазору 395 интихобкунандагон ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 3 млн. 791 ҳазору 827 нафар овоз доданд. Тибқи натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ 35 нафар номзадҳои ҲХДТ, 2 номзади ҲАТ, 2 намояндаи ҲКТ ва 1 нафарӣ номзадҳои ҲДТ ва ҲИИТ пирӯзӣ ба даст оварда, ба парлумон роҳ ёфтанд.[7]

Бознигаред: Гурӯҳ:Зодагони соли 2015

Даргузаштҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бознигаред: Гурӯҳ:Даргузаштагони соли 2015

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
{{bottomLinkPreText}} {{bottomLinkText}}
Соли 2015
Listen to this article

This browser is not supported by Wikiwand :(
Wikiwand requires a browser with modern capabilities in order to provide you with the best reading experience.
Please download and use one of the following browsers:

This article was just edited, click to reload
This article has been deleted on Wikipedia (Why?)

Back to homepage

Please click Add in the dialog above
Please click Allow in the top-left corner,
then click Install Now in the dialog
Please click Open in the download dialog,
then click Install
Please click the "Downloads" icon in the Safari toolbar, open the first download in the list,
then click Install
{{::$root.activation.text}}

Install Wikiwand

Install on Chrome Install on Firefox
Don't forget to rate us

Tell your friends about Wikiwand!

Gmail Facebook Twitter Link

Enjoying Wikiwand?

Tell your friends and spread the love:
Share on Gmail Share on Facebook Share on Twitter Share on Buffer

Our magic isn't perfect

You can help our automatic cover photo selection by reporting an unsuitable photo.

This photo is visually disturbing This photo is not a good choice

Thank you for helping!


Your input will affect cover photo selection, along with input from other users.

X

Get ready for Wikiwand 2.0 🎉! the new version arrives on September 1st! Don't want to wait?