For faster navigation, this Iframe is preloading the Wikiwand page for Ёгед.

Ёгед

Деҳа
Ёгед
форсӣ: یاگید
Парчам
Парчам
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
ноҳия Дарвоз
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 80 км²
Баландии марказ 1 200 м
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 854 тан
Миллият тоҷикҳо
Эътиқодот мусулмонон
Номи қавмӣ дарвозӣ
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 35524
Нишонаи почта 736400
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Ёгед (форсӣ: یاگید‎) — деҳае дар шарқи Тоҷикистон ва яке аз рустоҳои ноҳияи Дарвоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст.

Деҳаи Ёгед дар баландии 1200 м аз сатҳи дарё, 280 км шарқтар аз шаҳри Душанбе ва 270 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ дар резишгоҳи рӯди Ёгед ба рӯди Панҷ дар марз бо Афғонистон ҷой дорад[1].

Ин деҳа яке аз куҳантарин ободиҳои Тоҷикистон аст ва дар шоҳроҳи Кӯлоб ба Дарвоз ҷой гирифта ва аз он то Қалъаи Хумб 28 км роҳ аст. Дар ин русто Мактаби миёнаи Сарвар Амирҷон № 6, фарҳангсарои Амирҳайдар Давлат, синамокада, як масҷид, ду китобхона, дармонгоҳ, фурӯшгоҳ, дижи марзбонӣ ва нерӯгоҳи хурд[2] сохта шудааст.

Номи ин русто дар навиштаҳо ва роҳнамоҳо ба гунаҳои Егид, Ёгид [3], Йогид [4], Ягид [5] ва Yoged [6] ёд шудааст.

Мардуми Ёгед ба лаҳҷаи ёгедии гӯиши дарвозии забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Дар гӯиши дарвозӣ вижагиҳои забони форсии садаҳои IX — XIV ҳамчунон пойдоранд. Забони мардуми Ёгед дар садаҳои пешин яке аз забонҳои эронии шарқӣ ва монанд ба забонҳои помирӣ будааст, аммо дар садаҳои IX — XIV дарвозиён форсизабон гаштанд.

Бар пояи омори соли 2000, деҳаи Ёгед 854 тан ҷамъият дошт[7]. Ёгедиҳо мусулмон ва дар мазҳаби шиъаи имомии исмоилӣ ҳастанд[8]. 27 сентябри соли 1998 имоми ҳозири шиъиёни исмоилии низорӣ Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Чаҳорумин Оқохон аз Ёгед боздид карда аст.

Дар садаҳои XVIII то оғози садаи XX дар Ёгед ҳунари кӯзагарӣ ва сафолгарӣ густариш дошта аст. Сафолинаҳои Ёгед, чун сафолинаҳои дигар башхҳои ҷануби Тоҷикистон, дастсоз, андовашуда ва нигошташуда бо рангҳои сурху ҷигарӣ буда ва сабки бостониро нигоҳ дошта аст[9]. Яке аз вопасин сафолгарони Ёгед Суханбибӣ Саноева буд ки дар авохири даҳаи 1980 даргузашта аст. Сафолинаҳои дастсози вай дар осорхонаҳои Ёгед, Қалъаи Хумб ва Хоруғ нигаҳдорӣ мешаванд.

Номдорони Ёгед

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ёгед зодгоҳи шоиру файласуф Мирзо Лиқо (XIX - XX), Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон Ризвоншоҳ Иҳмолшоев (1931—2019), шоиру нависанда Сарвар Амирҷон (1938 – 1986), рӯзноманигор Ширинҷон Амирҷон (1961 - 1992)[10], ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Амирҳайдар Давлат, устоди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва куштии миллӣ Султон Наботов, ҷаҳонпаҳлавони куштии самбо Назриддин Саноев[11], раиси пешини ноҳияи Дарвоз ва акнун мудири шуъбаи ташкилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Риёев[12] ва дигар номдорон аст.

Пайнавиштҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Чашмандози Ёгед аз кӯҳи Чорчамано(пайванди дастнорас)
  2. Президенти Тоҷикистон(пайванди дастнорас)
  3. Печать топографической карты АФГАНИСТАН, УЗБЕКИСТАН, ТАДЖИКИСТАН ПАМИР. 22 феврали 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 апрели 2016.
  4. Зиедонис, Имант. Чумчаи урфӣ (Традиционная ложка). Перевод на таджикский язык Ш. Собира и Ш. Шарафа. Душанбе: «Ирфон». 1975
  5. БСЭ, Таджикская Советская Социалистическая Республика, издание 3-е(пайванди дастнорас)
  6. Google maps, Yoged
  7. ДАРВАЗ, ТАДЖИКИСТАН
  8. Емельянова Н. М. Культура и религия Дарваза (по материалам полевых исследований 2003 года) // «Памирская экспедиция». М., ИВ РАН, 2006.
  9. Мухитдинов И. Стенные росписи жилищ в селении Ягид (Дарваз) и связанные с ними поверья и представления // «Советская этнография». М., 1964, № 2, стр. 108. Бойгонӣ шудааст 28 марти 2010  сол.
  10. Панфилов О. В. Таджикистан: журналисты на гражданской войне (1992 - 1997)(пайванди дастнорас)
  11. ЧЕМПИОНАТ МИРА ПО САМБО СРЕДИ ВЕТЕРАНОВ. 22 феврали 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 феврали 2010.
  12. КӢ БА КАДОМ ВАЗИФА ТАЪИН ШУД?(пайванди дастнорас)
{{bottomLinkPreText}} {{bottomLinkText}}
Ёгед
Listen to this article

This browser is not supported by Wikiwand :(
Wikiwand requires a browser with modern capabilities in order to provide you with the best reading experience.
Please download and use one of the following browsers:

This article was just edited, click to reload
This article has been deleted on Wikipedia (Why?)

Back to homepage

Please click Add in the dialog above
Please click Allow in the top-left corner,
then click Install Now in the dialog
Please click Open in the download dialog,
then click Install
Please click the "Downloads" icon in the Safari toolbar, open the first download in the list,
then click Install
{{::$root.activation.text}}

Install Wikiwand

Install on Chrome Install on Firefox
Don't forget to rate us

Tell your friends about Wikiwand!

Gmail Facebook Twitter Link

Enjoying Wikiwand?

Tell your friends and spread the love:
Share on Gmail Share on Facebook Share on Twitter Share on Buffer

Our magic isn't perfect

You can help our automatic cover photo selection by reporting an unsuitable photo.

This photo is visually disturbing This photo is not a good choice

Thank you for helping!


Your input will affect cover photo selection, along with input from other users.

X

Get ready for Wikiwand 2.0 🎉! the new version arrives on September 1st! Don't want to wait?