For faster navigation, this Iframe is preloading the Wikiwand page for Фозил Тоҳиров.

Фозил Тоҳиров

Фозил Тоҳиров
Тоҳиров Фозил Тоҳирович
Таърихи таваллуд 10 июн 1939(1939-06-10)
Зодгоҳ деҳаи Пӯлодон, ноҳияи Конибодом
Таърихи даргузашт 16 август 2022(2022-08-16) (83 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ ҳуқуқшиносӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Унвонҳои илмӣ академики АИҶТ
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон (1966)

Фозил Тоҳиров (10 июни 1938, деҳаи Пӯлодон, ноҳияи Конибодом — 16 августи 2022, Душанбе, Тоҷикистон) — ҳуқуқшинос, доктори илми ҳуқуқ (1988), профессор (1990), академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2008), академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (1983), Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1998).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фозил Тоҳиров 10 июни соли 1938 дар Конибодом дар хонаводаи Тоҳир ва Азизбибӣ (Олимовна) Тоҳиров ба дунё омадааст[1]. Соли 1966 факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистонро ба охир расонда, дар ҳамин ҷо ба фаъолият пардохт.

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мудири кабинет, муаллими калон, дотсент, мудири кафедра (1966-86), проректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ (1986—1990), ректори УДТ (1990—1995)[2], саркотиби илмӣ (1995—2000), академик-котиби Бахши илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000—2005). Директор-муассис (2005—2006), директори Институти давлат ва ҳуқуқ (2006—2010), мудири шуъбаи ҳуқуқи исломӣ ва ҳамзамон мушовири илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2011)[3] ва раиси Ҷамъияти «Дониш»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буд[4].

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Перомуни таърихи давлату ҳуқуқи Тоҷикистон ва мамолики хориҷӣ, ҳуқуқи дунёи қадим, муносиботи ҳуқуқи оилавӣ ва шариат, назарияи давлату ҳуқуқ ва ғайра зиёда аз дусад асару мақола навиштааст[5]. Таҳти роҳбарӣ ва бо машварати Фозил Тоҳиров 20 нафар рисолаи номзадӣ ва 5 нафар рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд[3].

Бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин», «10-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз қадрдонӣ шудааст[3].

Фозил Тоҳиров 16 августи 2022 дар синни 83-солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ даргузашт[6].

  • Высшие органы государственной власти Таджикской АССР: Дисс… канд. юрид. наук. — Д., 1971;
  • Демократизм советского социалистического образа жизни. — Д., 1982;
  • Октябри Кабир ва пойдор гардидани ҳуқуқи советӣ дар Тоҷикистон=Великий Октябрь и становление советского права в Таджикистане. — Д., 1984;
  • Становление советского права в Таджикистане. — Д., 1987;
  • Правовая система Таджикской АССР (1924-1929гг): Учебное пособие. — Д., 1988;
  • Становление советского права в Таджикистане: Автореф. дис. д-ра юрид. наук. — М.. 1988;
  • Инкишофи ҳуқуқ дар Тоҷикистон=Развитие права в Таджикистане. — Д., 1994;
  • Пятнадцать вопросов и ответов по шариату. — Д., 1997;
  • Правовая система дореволюционного Таджикистана. — Д., 1998;
  • Шариат ва танзими муносибатҳои никоҳӣ ва оилавӣ=Шариат и регламентации брачно-семейных отношений. — Д., 1999;
  • Таърихи давлат ва ҳуқуқи дунёи қадим. Китоби дарсӣ. — Д., 2003;
  • История государства и права Республики Таджикистан. — Д., 2003;
  • Таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ. — Д., 2004.
  1. Fazil Takhirovich Takhirov(англ.). prabook.com. 16 августи 2022 санҷида шуд.
  2. Ректорҳои ДМТ(тоҷ.). 16 августи 2022 санҷида шуд.
  3. 3.0 3.1 3.2 * Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 605. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.
  4. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
  5. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ; Зери таҳрири Сайфидин Назарзода. — Душанбе, 2016. — 720 с.
  6. Академик, собиқ ректори ДМТ Фозил Тоҳиров даргузашт(тоҷ.). Pressa.tj. Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (16 августи 2022). 17 августи 2022 санҷида шуд.
  • Фазыл Тахирович Тахиров. Биобиблиография. — Д., 1999.
{{bottomLinkPreText}} {{bottomLinkText}}
Фозил Тоҳиров
Listen to this article

This browser is not supported by Wikiwand :(
Wikiwand requires a browser with modern capabilities in order to provide you with the best reading experience.
Please download and use one of the following browsers:

This article was just edited, click to reload
This article has been deleted on Wikipedia (Why?)

Back to homepage

Please click Add in the dialog above
Please click Allow in the top-left corner,
then click Install Now in the dialog
Please click Open in the download dialog,
then click Install
Please click the "Downloads" icon in the Safari toolbar, open the first download in the list,
then click Install
{{::$root.activation.text}}

Install Wikiwand

Install on Chrome Install on Firefox
Don't forget to rate us

Tell your friends about Wikiwand!

Gmail Facebook Twitter Link

Enjoying Wikiwand?

Tell your friends and spread the love:
Share on Gmail Share on Facebook Share on Twitter Share on Buffer

Our magic isn't perfect

You can help our automatic cover photo selection by reporting an unsuitable photo.

This photo is visually disturbing This photo is not a good choice

Thank you for helping!


Your input will affect cover photo selection, along with input from other users.

X

Get ready for Wikiwand 2.0 🎉! the new version arrives on September 1st! Don't want to wait?