For faster navigation, this Iframe is preloading the Wikiwand page for Сафармурод Ниёзов.

Сафармурод Ниёзов

Сафармурод Атаевич Ниёзов
туркманӣ: Saparmyrat Ataýewiç Nyýazow
Сафармурод Ниёзов соли 1998
Сафармурод Ниёзов соли 1998
16 декабри 1991 — 21 декабри 2006
Ҷонишин Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов
котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Туркманистон
21 декабри 1985 — 16 декабри 1991

Таваллуд 19 феврал 1940(1940-02-19)
Даргузашт 21 декабр 2006(2006-12-21) (66 сол)
Даргузашт Ишқобод, Туркманистон
Мадфан
Падар Atamyrat Nyýazow[d]
Модар Gurbansoltan Eje[d]
Ҳамсар Muza Niýazowa[d]
Фарзандон Му́за Алексе́евна Ния́зова
Ҳизб Ҳизби коммунисти Туркманистон, Ҳизби демократии Туркманистон
Таҳсилот
Касб муҳандис
Фаъолият сиёсат ва сиёсатмадор
Эътиқод Ислом, суннӣ
Ҷоизаҳо
Навъи артиш Armed Forces of Turkmenistan[d]
Рутба Генералиссимус ва supreme commander[d]
Фармондеҳӣ Armed Forces of Turkmenistan[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Сафармурод Ниёзов (туркманӣ: Saparmyrat Ataýewiç Nyýazow) (19 феврали 194021 декабри 2006) – раҳбари Туркманистон аз соли 1985 то соли 2006.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сафармурод Ниёзов 19 феврали соли 1940 дар рустои Қипчоқ наздики шаҳри Ишқобод зода шудааст. Падараш дар ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ ва модару ду бародараш дар зилзилаи соли 1948 ҳалок гардидаанд. Сафармурод Ниёзов дар парастишгоҳи ятимон таълиму тарбия гирифтааст. Фаъолияти кории худро пас аз хатми мактаби миёна соли 1959 ҳамчун коргари одӣ оғоз намуд. Вай дар Донишгоҳи энегетикии Маскав ва Донишгоҳи политехникии Ленинград таҳсил кардааст. Моҳи декабри соли 1985 котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Туркманистон интихоб шуд.

  • 1965 — формовщик дар заводи Кирови ш. Ленинград
  • аз соли 1967 — усто, устои калони НБЭ ба номи Ленини вилояти Ашхобод
  • аз с.1970 — инструктор, ноиби мудири шуъбаи КМ ҲКТ Ҳизби коммунисти Туркманистон
  • соли 1976 — шуъбаи ғойибонаи мактаби ҳизбии назди КМ ҲКИШ Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ хатм кардааст
  • аз соли 1980 — котиби аввали кумитаи шаҳрии ҲКТ Ашхобод
  • аз соли 1984 — инструктори шуъбаи кори ҳизбии КМ ҲКИШ Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ
  • март — декабри соли 1985 — Сарвазири Туркманистон
  • аз 21 декабри 1985 то 16 декабри 1991 — котиби аввали КМ Ҳизби коммунисти Туркманистон
  • аз соли 1986 — узви КМ ҲКИШ, с 1990 узви бюрои сиёсии КМ ҲКИШ
  • аз январи 1990 — раиси Шурои Олии ҶШС Туркманистон

Вакили анҷуманҳои XXVI (1981), XXVII (1986), XXVIII (1990) ва конференсияи XIX ҲКИШ Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ (1988). Вакили Халқии ИҶШС. Узви ШО ИҶШС.

Ниёзов пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ Раиси Ҷумҳурии Туркманистон интихоб шуд ва дар ин симат до дами маргаш монд. Дар замони раёсаташ ӯро Туркманбошӣ, Сардор, Ҳамешабузург Сафармурод Ниёзов ва Пешсафи ҳамаи Туркманҳо[4], бунёдгузор ва сарвари Ассотсиатсияи Туркаманҳои Ҷаҳон низ меномиданд.

Моҳи декабри соли 1999 Шӯрои мардумии Туркманистон Сафармурод Ниёзовро раиси ҷумҳури якумра таъйин карда буд, аммо Ниёзов гуфта буд, ки соли 2008 ба ҳар ҳол интихоботи раиси ҷумҳурӣ баргузор хоҳад шуд.[5]

Донистаниҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сафармурод Ниёзов аз соли 1985 то 2006 Туркманистонро раҳбарӣ мекард ва тайи ин солҳо дар саросари он кишвар садҳо ҳайкал ва нимпайкараи ӯ гузошта шудааст. Бузургтарин пайкараи зарандуди Ниёзовро, ки соли 1998 дар майдони марказии шаҳри Ишқобод насб шуда буд, соли 2011 канда, ба макони дигар интиқол доданд. Тибқи иттилои расмӣ, барои интиқоли пайкараи тилоии Ниёзов ба макони дигар аз будҷаи давлат 50 миллион доллар харҷ шудааст.[6]

Пайкараи тилокории президенти пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзовро, ки дар маркази шаҳри Ишқобод, пойтахти ин кишвар қомат афрохта буд, канданд.(Боз ҳайкали тилоии президентро канданд 24.07.2017| бештар... Бойгонӣ шудааст 18 сентябри 2017  сол.)

{{bottomLinkPreText}} {{bottomLinkText}}
Сафармурод Ниёзов
Listen to this article

This browser is not supported by Wikiwand :(
Wikiwand requires a browser with modern capabilities in order to provide you with the best reading experience.
Please download and use one of the following browsers:

This article was just edited, click to reload
This article has been deleted on Wikipedia (Why?)

Back to homepage

Please click Add in the dialog above
Please click Allow in the top-left corner,
then click Install Now in the dialog
Please click Open in the download dialog,
then click Install
Please click the "Downloads" icon in the Safari toolbar, open the first download in the list,
then click Install
{{::$root.activation.text}}

Install Wikiwand

Install on Chrome Install on Firefox
Don't forget to rate us

Tell your friends about Wikiwand!

Gmail Facebook Twitter Link

Enjoying Wikiwand?

Tell your friends and spread the love:
Share on Gmail Share on Facebook Share on Twitter Share on Buffer

Our magic isn't perfect

You can help our automatic cover photo selection by reporting an unsuitable photo.

This photo is visually disturbing This photo is not a good choice

Thank you for helping!


Your input will affect cover photo selection, along with input from other users.

X

Get ready for Wikiwand 2.0 🎉! the new version arrives on September 1st! Don't want to wait?