For faster navigation, this Iframe is preloading the Wikiwand page for Роза Отунбоева.

Роза Отунбоева

Роза Отунбоева
Роза Исаковна Отунбаева
3 июли 2010 — 1 декабри 2011
Нахуствазир худи ӯ
(2010)
Алмосбек Отамбоев
(2010—2011)
Пешгузашта Курмонбек Боқиев
Ҷонишин Алмосбек Отамбоев
парчам
15-умин Нахуствазир — Раиси ҳукумати муваққатии Ҷумҳурии Қирғизистон
парчам
7 апрел — 17 декабри 2010
Президент Қурмонбек Боқиев
худаш
Пешгузашта Дониёр Ҳусейнов
Ҷонишин Алмосбек Отамбоев
парчам
Вакили Жогорку Кенеш
аз ҲСДҚ
парчам
декабри 2007 — майй 2010
Ёвари намояндаи махсуси Дабири Кулли СММ оид ба ҳалкунии низоъ дар Гурҷистон/Абхозистон
майи 2002 — сентябрь 2004
1997 — 2002
Президент Аскар Акаев
парчам
Вазири корҳои хориҷии ҶҚ
парчам
майи 1994 — 1997
Нахуствазир Ҷумъагулов Апас
Президент Аскар Акаев
Нахуствазир Турсунбек Чинбишев
Президент Аскар Акаев
Пешгузашта Аднон Қарабоев
Ҷонишин Муродбек Имоналиев
майи 1994 — июли 1992
Президент Аскар Акаев

Таваллуд 23 август 1950(1950-08-23)[1][2] (74 сол)
Ном ҳангоми таваллуд қирғ. Роза Исаковна Отунбаева
Ҳизб беҳизб,
КПСС (то 1991)
Таҳсилот
Эътиқод Агноститсизм
Ҷоизаҳо
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор

Роза Исаковна Отунбаева (23 август 1950, Ош, ҶШС Қирғизистон) — ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, сиёсатмадори Қирғизистон, собиқ Президенти Қирғизистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]
Роза Исаковна Отунбаева бо Барак Обама дар Ню-Йорк, сентябри соли 2010
Вохӯрии сарони давлатҳои ЕврАзЭс дар Қазоқистон (2010-07-05). Дар акс: аз чап ба рост Дабири кулли ЕврАзЭС Таир Мансуров, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Белоруссия Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Русия Дмитрий Медведев, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Қирғизистон Роза Отунбаева

Роза Исаковна Отунбаева (23 августи соли 1950, дар ш. Ош, Қирғизистон)таваллуд шудааст.[3]. Ӯ дар оилаи нухбагони Қирғизистони Шӯравӣ ба дунё омадааст. Падари Отунбоева узви Додгоҳи Олӣ буд ва ӯ дар шароити нисбатан роҳат бузург шудааст. Мактабро дар ш. Ош хатм кардааст[4]. Соли 1972 факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москваро (МГУ) хатм карда ба аспирантураи ҳамин Донишгоҳ дохил мешавад. Дар Олмон таҷрибаомӯзӣ кардааст.[5]. Ӯ дар вазифаҳои гуногуни дипломатӣ кор карда, инчунин ҳамчун сафири Дабири кулли СММ дар Гурҷистон адои вазифа намудааст. Ӯ дар баробари забонҳои русиву қирғизӣ бо забони англисӣ озод суҳбат мекунад ва зимни суханронӣ дар ҷаласаҳои бонуфузи байналмилалӣ ба тарҷумон ниёз надорад.

То расидан ба мақоми раисҷумҳур Роза Отунбоева дар аҳди ду президенти ахири кишвар, Аскар Акаев ва Қурмонбек Боқиев, ба сифати вазири умури хориҷӣ ва сафири Қирғизистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Британияи Кабир фаъолият карда буд. Аммо дар ҳар ду ҳукумат низ аз баҳри вазифа гузашт ва бо мухолифон пайваст. Ӯ баъди истеъфо аз мақоми дипломатӣ дар соли 2004 ҳамраиси ҷумбиши “Ота Ҷурт” ("Ватан") ва дар соли 2006 ҳамраиси ҳизби “Асаба” буд. Соли 2007 ҳамчун узви Ҳизби сотсиал-демократ намояндаи парлумон интихоб шуд.</ref>. Мактабро дар Ош хатм кардааст[5].

Дар натиҷаи тазоҳуроти зиддиҳукуматии Президент Қурмонбек Боқиев 7 апрели соли 2010 раиси Ҳукумати муваққати Қирғизистон шуд. Роза Отунбоева, нахустин раиси ҷумҳурии зан дар қаламрави Осиёи Марказӣ муддати якуним сол – аз моҳи майи соли 2010 то декабри соли 2011 президенти Қирғизистон буд.[6] Бузургтарин мушкиле, ки Отунбоева баъди расидан ба қудрат дошт, таҳкими суботу оромӣ дар кишвар ва ҷилавгирӣ аз суқути иқтисод буд. Ӯ зоҳиран, аз қавмпарастӣ ва фасодкорӣ орӣ аст, аз иллате, ки қариб ҳамаи раҳбарони минтақа ба он гирифтор шудаанд. Ӯ ба хотири ҳифзи пули давлат, бо ҳавопаймоҳои маъмулӣ ба хориҷа сафар мекард. Отунбоева ба хабарнигорони "Радиои Озодӣ" чунин гуфтааст.

«Мо моҳи ноябр (2011) интихоботи президентӣ баргузор мекунем, ман бояд аз ин мақоми раёсати ҷуҳмур канор биравам. Ман мехоҳам ин дафъа барои ин бахши ҷаҳон намунае бошам, ки аз мақом рафтан ва бо қудрат “падруд” гуфтан имкон дорад. Ин муҳимтарин амалест, ки бояд дар Осиёи Марказӣ анҷом шавад»

[5]. Моҳи декабри соли 2011, баъд аз интихоботи навбатӣ ба мансаби Президенти Қирғизистон аз мақомаш рафт ва ба ҷои ӯ дар курсии аввал дар ин кишвар президенти навинтихобшуда Алмосбек Отамбоев нишаст.

Фаъолияти ҷамъиятӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳоло ин сиёсатмадори Қирғизистон раҳбарии Бунёди «Ташаббуси Роза Отунбоева»-ро ба уҳда дорад, ки бар сари мушкилоти иҷтимоии ҷомеа – кӯдакону занон тамаркуз кардааст.[6]

Аз шавҳараш ҷудо шудааст. Модари як духтар Карачач ва писар Атай мебошад.

{{bottomLinkPreText}} {{bottomLinkText}}
Роза Отунбоева
Listen to this article

This browser is not supported by Wikiwand :(
Wikiwand requires a browser with modern capabilities in order to provide you with the best reading experience.
Please download and use one of the following browsers:

This article was just edited, click to reload
This article has been deleted on Wikipedia (Why?)

Back to homepage

Please click Add in the dialog above
Please click Allow in the top-left corner,
then click Install Now in the dialog
Please click Open in the download dialog,
then click Install
Please click the "Downloads" icon in the Safari toolbar, open the first download in the list,
then click Install
{{::$root.activation.text}}

Install Wikiwand

Install on Chrome Install on Firefox
Don't forget to rate us

Tell your friends about Wikiwand!

Gmail Facebook Twitter Link

Enjoying Wikiwand?

Tell your friends and spread the love:
Share on Gmail Share on Facebook Share on Twitter Share on Buffer

Our magic isn't perfect

You can help our automatic cover photo selection by reporting an unsuitable photo.

This photo is visually disturbing This photo is not a good choice

Thank you for helping!


Your input will affect cover photo selection, along with input from other users.

X

Get ready for Wikiwand 2.0 🎉! the new version arrives on September 1st! Don't want to wait?