For faster navigation, this Iframe is preloading the Wikiwand page for Об.

Об

Як чакраи об

Об – манбаи ҳаёт мебошад.

Обу ободонӣ гуфтаанд. Дар ҳақиқат об неъмати ҳаётан муҳим барои ҳар як мамлакат ва сокинони он мебошад. Одамон аз замони қадим инҷониб тақдири худро бо об вобаста кардаанд. Маҳз аз давраҳои қадимтарин одамон дар соҳилҳои бузурги дарёҳои Нил, Сиру Омӯ, Миссисипӣ, Волга, Рейну Дунай, Гангу Брахмапутра мезистанд, барои ризқу рӯзии худ кишту кор мекарданд.Агар ба таьрихи муборизаи халқҳо нигарем барои ба даст овардани об чи андоза пурфоҷиа ва мураккаб будааст. Ба лӯлаҳои махсус аз Хитой ба Гонконг об бурдаанд. Бо оби овардашуда аксар ноҳияҳои Африқои Шимолӣ ва нимҷазираи Арабистон зиндагӣ мекунанд. Норасоии обро имрӯз аз се як ҳиссаи аҳолии сайёра ҳис мекунад. Дар Тоҷикистон тақрибан 1300 кӯл бо масоҳати умумии 705км.кв мавҷуд аст. Кӯлҳои бузург асосан дар Помир мавҷуданд. 73% кӯлҳои Тоҷикистон дар кӯҳҳои Помиру Олой дар баландии аз 3500то 5000м. аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд.

Оби тоза шарти асосии ҳаёт ва ҷузъи таркибии тамоми унсурҳои биосфераи сайёра мебошад. Ҷойгиршавии оби ширин дар табиат нобаробар аст. Беш аз 2 миллиард нафар одамон имрӯзҳо камбудии шадиди ин неьмати худододро эҳсос мекунанд. Бо баробари рушди муносибатҳои демографӣ ин масьала торафт мураккабтар мегардад. Таваҷҷуҳи ҷомеаи чаҳониро ба муҳим будани ин масьала ба назар гирифта шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунад: “Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии об на камтар аз арзишмандии нафт, газ ва дигар навъҳои сӯзишвориву манбаьҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад”.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 55,4 фоизи ҷараёни миёнаи бисёрсолаи дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, арзишмандии истифодаи оби ошомиданиро ба эьтибор гирифта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2001 “Дар бораи тасдиқи Консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” қарор қабул кард. Обро минерали нодиртарини захираҳои табии арзёбӣ намудаанд. Ягон ҷизи дигар обро иваз карда наметавонад. Аз миқдори умумии об 96,5% дар уқёнусу баҳрҳо мавҷуд аст. Оби ширини ошомиданӣ дар яхҳои Антарктида ва Арктика, дар минтақаҳои яхбандии доими ва пиряхҳои кӯхӣ ба миқдори 2,53% маҳфузанд.Шукрона аз он, ки дар диёри азизи мо ин мӯьҷизаи нодир бештар ба назар мерасад.Ва бояд гуфт, ки Тоҷикистони маҳбуби мо дорои дарёҳои обаш зулол ва дармонбахш аст, ки диққати чаҳониён ба он нигаронида шудааст. Имрӯз, ки мо дар остонаи асри XXI қарор дорем, аз ин сабаб ҳар яки моро зарур аст, ки ба ҳифз кардани оби тоза ва сарсабзу хуррам гаштани диёри офтобиамон камари ҳиммат бандем ё чи хеле, ки дар ҳуҷҷатҳои ҳифзи табиат омадааст :” Фарзанди инсон, ки худ зодаи табиат аст, фақат дар ҳолати доштани меҳру муҳаббат ба табиат метавонад ватанпарвар бошад”.


Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
{{bottomLinkPreText}} {{bottomLinkText}}
Об
Listen to this article

This browser is not supported by Wikiwand :(
Wikiwand requires a browser with modern capabilities in order to provide you with the best reading experience.
Please download and use one of the following browsers:

This article was just edited, click to reload
This article has been deleted on Wikipedia (Why?)

Back to homepage

Please click Add in the dialog above
Please click Allow in the top-left corner,
then click Install Now in the dialog
Please click Open in the download dialog,
then click Install
Please click the "Downloads" icon in the Safari toolbar, open the first download in the list,
then click Install
{{::$root.activation.text}}

Install Wikiwand

Install on Chrome Install on Firefox
Don't forget to rate us

Tell your friends about Wikiwand!

Gmail Facebook Twitter Link

Enjoying Wikiwand?

Tell your friends and spread the love:
Share on Gmail Share on Facebook Share on Twitter Share on Buffer

Our magic isn't perfect

You can help our automatic cover photo selection by reporting an unsuitable photo.

This photo is visually disturbing This photo is not a good choice

Thank you for helping!


Your input will affect cover photo selection, along with input from other users.

X

Get ready for Wikiwand 2.0 🎉! the new version arrives on September 1st! Don't want to wait?