Ноҳияи Шаҳринав
Ноҳияи маъмурӣ | |
38°36′ с. ш. 68°25′ в. д.HGЯO | |
Кишвар | [[|]] |
Тобеъи | НТҶ |
Шомили | 1 шаҳрак, 6 ҷамоат |
Маркази маъмурӣ | деҳаи Шаҳринав |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 14 январи соли 1992 |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 121 900[1] нафар (2022) |
Миллият | тоҷикон, ӯзбакҳо |
Мазҳаб | мусулмонон ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Рамзи ISO 3166-2 | TJ.RR. |
Коди телефон | +992 3155 |
Нишонаи почта | 737450 |
Домени интернет | .tj |
Коди мошинҳо | TJ07 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ноҳияи Шаҳринав — ноҳия дар ҳудуди ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст. Маркази ин ноҳия деҳаи Шаҳринав аст.
Таъсис
[вироиш | вироиши манбаъ]Ноҳияи Қаратоғ 17 сентябри соли 1927 ташкил шудааст. Дар соли 1929 номи ноҳияи Шаҳринавро гирифт. Ҳудуди маъмурии он дар ҷануб то ба ноҳияи Лақай-Тоҷик (имрӯза ноҳияи Рӯдакӣ), дар шарқ то ба ноҳияи Сталинобод ва дар ғарб то ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон тӯл кашида буд, Дар арозии он 308 даҳа мааҷуд буда аҳолиаш зиада аз 61 ҳазор нафарро ташкил макард.
Аз ноҳияи Шаҳринав бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ 29 январи соли 1932 ноҳияи Хисор ва соли 1935 ноҳияи Регар (ҳоло Турсунзода) ҷудо карда шуданд. Соли 1959 бо мақсади калон кардани ноҳияҳо ноҳияи Шаҳринав барҳам дода шуд, як қисми он ба ноҳияи Ҳисор ва қисми дигараш ба ноҳияи Регар ҳамроҳ гардид.
Соли 1992 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Шаҳринав аз нав барқарор гардид.
Ҷойгоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ноҳияи Шаҳринав дар водии Ҳисор ҷойгир шудааст. Дар шимол бо ноҳияи Айнӣ, дар ғарб бо ноҳияи Турсунзода, дар ҷануб бо ноҳияи Рӯдакӣ ва дар шарқ бо ноҳияи Ҳисор ҳамсарҳад аст.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Бино бар саршумори соли 2010 аҳолии ноҳия 96 600 нафар[2] ва дар соли 2016 аҳолии ноҳия 111 500 нафар[3] мебошад. Мардуми ноҳия ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд.
сол | 2014 | 2015 | 2019 | 2020 | 2021 | 2022 |
---|---|---|---|---|---|---|
шумора (ҳаз. нафар) |
105,2 | ↗108,2 | ↗120,5 | ↗123,0 | ↘119,6 | ↗121,9 |
Бахшбандӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ноҳияи Шаҳринав ба 7 ҷамоати деҳот 1 ҷамоати шаҳрак, 70 деҳа ва 14 хоҷагиҳои ҷамоавӣ тақсимбандӣ шудааст.
Ҷамоатҳои ноҳияи Шаҳринав | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Мирзо Турсунзода, шаҳрак | 6900 | ||||||||||
Боғистон | 9331 | ||||||||||
Истиқлол | 15463 | ||||||||||
Сабо | 17557 | ||||||||||
Чуст | 17135 | ||||||||||
Шаҳринав | 11123 | ||||||||||
Ҳасанов | 26990 |
Ҳукумат
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарвари ноҳияи Шаҳринав Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Шаҳринав — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Шаҳринав ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
Иқтисодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ноҳия 2 ташкилоти сохтмонӣ, 600 хоҷагиҳои деҳқонӣ, 4 корхонаҳои саноатӣ ва Омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ фаъолият дорад.
Кишоварзӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Майдони умумии заминҳо 100696 га, замини киштбоб 10571 гектар, аз он ҷумла замини обӣ 5024 гектар.
Шаҳринав дар замони шуравӣ аз ҷиҳати пахтакорӣ яке аз ноҳияҳои пешқадам ба ҳисоб мерафт, барои дастовардҳои кории солҳои панҷоҳум 12 нафар ба гирифтани унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ноил гардидаанд. Раҳмаатулпо Аҳмадов — котиби аввали ноҳия, Холбобо Баротов — раиси хоҷагии «Ленинград», Акрамҷон Ҳаанов — раиси хоҷагии ба номи В. И. Ленин, Нисопат Додобоева — колхозчии колхози ба номи Ленин, Тоҷибой Абдуплоев, Маҳкамбой Давлатов, Мухаррам Мирзобобоееа, Мирзоир Тоҳиров, Тоҷибой Абдуплоев, Василченко К. П. аз қабили онҳо буданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 24 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ Шумора ва ҷойгиршавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷилди I (нашри расмӣ) — Душанбе: «Ирфон», 2012, — с.27. 18 феврали 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 сентябри 2016.
- ↑ Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2016 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.. 23 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
Пойтахт | ||
---|---|---|
Вилояти мухтор | ||
Вилоятҳо | ||
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ |
Марказ | ||
---|---|---|
Шаҳраки Мирзо Турсунзода | ||
Деҳоти Боғистон | ||
Деҳоти Истиқлол | ||
Деҳоти Сабо | Бахтобод • Гулистон • Гурсой • Деҳқонобод • Қадиҷӯйбор • Қаҳрамон • Меҳргон • Навобод • Пуштимиёна • Сангмела • Сангмелаи Мусо • Шӯроб | |
Деҳоти Ҳасанов | Аҷам • Баракат • Баҳор • Бӯстон • Ваҳдат • Гулобод • Дӯстӣ • Зафар • Долондеҳ • Кӯҳдоман • Лолазор • Меҳнатобод • Навбаҳор • Обиборик • Ободон • Обшорон • Риккӣ • Саирқамиш • Чашмаи Нур • Ӯртабуз • Файзбахш • Ҳаёти нав • Гулреза • Чаманоро • Гули Сурх • Гулдара • Сафобахш • Шараф • Шарифӣ • Шунук • Чашмаи моҳиён | |
Деҳоти Чуст | Баҳористон • Деҳобод • Зарнисор • Наврӯз • Офтобрӯя • Сангичоб • Узун • Хоҷагулпуш • Хуҷаи Боло • Абдураҳмони Ҷомӣ • Чашмасор • Чузӣ • Ҷавонон • Элокӣ | |
Деҳоти Шаҳринав |
Text is available under the CC BY-SA 4.0 license; additional terms may apply.
Images, videos and audio are available under their respective licenses.