For faster navigation, this Iframe is preloading the Wikiwand page for Аҳмадобод.

Аҳмадобод

Шаҳр
Аҳмадобод
гуҷаротӣ અમદાવાદ
англ. Ahmedabad
23°02′ с. ш. 72°37′ в. д.HGЯO
Кишвар Ҳиндустон
Иёлат Гуҷарот
Шаҳрдор Gautam Shah[d][1]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 26 феврал 1411
Номҳои пешина Ашавал
Масоҳат 1300 км²
Баландии марказ 53 ± 1 м
Минтақаи замонӣ UTC+5:30
Аҳолӣ
Аҳолӣ 5 570 585 тан (2011)
Миллият Гуҷаротӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +91 79
Нишонаҳои почта GJ-1
Коди мошин GJ-1 ва GJ-27

egovamc.com
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Аҳмадобод дар харитаи
Аҳмадобод
Аҳмадобод
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аҳмадобóд (форсӣ: أحمداباد‎; гуҷаротӣ અમદાવાદAmdāvād, англ. Ahmedabad, ҳиндӣ: अहमदाबादAhmadābād) — шаҳр дар ғарби Ҳиндустон, дар соҳили дарёи Сабармати. Маркази маъмурии музофоти Аҳмадободи иёлати Гуҷарот.

Тағйирёбии шумораи аҳолӣ[2][3][4]

Минтақаи муҳимми нақлиётӣ. Яке аз марказҳои муҳимми саноат, тиҷорат, молия, илм ва технологияи мамлакат. Дар Аҳмадобод ва атрофи он (Асар, Сараспур ва ғайра) корхонаҳои саноати кимиё, хӯрокворӣ, коркарди филиззот, чармгарӣ фаъолият доранд. Дуюмин маркази бузурги саноати бофандагии Ҳиндустон (баъди Мумбай). Маҳсулоти косибиаш: кундал, шоҳӣ, маснуоти заргарӣ, кан­дакорӣ дар чӯб ва устухони фил. Донишгоҳ, донишкадаҳои дизайн ва менеҷмент, осорхона дорад.

Аҳмадободро соли 1411 султони Гуҷарот Аҳмадшоҳ (аз сулолаи Музаффариён) пойтахти худ қарор дода, ба он номи хешро гузошт (номи пешинааш Ашавал ва дертар Карнавати буд). Маҳмуд Бегад, набераи Аҳмадшоҳ соли 1487 Аҳмадободро бо девори даҳҳазорметрӣ қалъабандӣ кард (он 12 дарвоза, 189 бурҷи мудофиавӣ, 6 ҳазор тиркаш дошт).

Дар давраи давлатдории сулолаи Ғуриён, бахусус, ҳангоми ҳукмронӣ Султон Алоуддин Ҳусайни Ғурӣ (1149–1161) ва додарзодааш Ғиёсуддин Муҳаммад (1163–1203) фатҳи сарзамини Ҳинд оғоз ёфта, минтақаҳои Панҷобу Лоҳур ва қисмати шимолии Ҳиндустон ба фарҳангу забони тоҷикӣ роҳ кушода, дар шаҳрсозию услуби меъморӣ ҳунармандони қаламрави Ғазнину Ғур саҳм гузоштанд. Дар давраи давлатдории Темуриёни Ҳинд, ки забони форсӣ дар тӯли 300 сол ҳамчун забони давлатӣ корбаст мешуд, ҳавзаи илмию адабӣ ва фарҳангӣ ташаккул ёфт. Бахусус, ҳангоми ислоҳоти Акбаршоҳ (1556–1605), Шоҳҷаҳон (1627–1658) ва Аврангзеб (1658–1707) Аҳмадобод ба авҷи тараққиёти худ расида, барои густариши дини ислом даҳҳо масҷиду мадрасаи хурду бузург ва мақбараҳо бунёд гардиданд. Аз ҷумла, дар аҳди Темуриёни Ҳинд дар Аҳмадобод заминаҳои пешрафти забон ва адаби форсӣ гузошта шуд, ки барои рушду нумӯи илму фарҳанг дар ҳавзаи Ганг ва нимқораи Ҳинд мусоидат намуд.

Ёдгориҳои таърихӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз ёдгорҳои таърихӣ Қалъаи Бадра (соли 1411), Дарвозаи Тин (соли 1425) побарҷост. Баробари услуби меъмории гуҷаротӣ дар Аҳмадобод масҷиду мақбара ва коху кӯшкҳои зиёде мавҷуданд, ки бо услуби меъморӣ ва санъати ороишии шаҳрҳои тоҷикнишин қаробат доранд. Масалан, Масҷиди Ҷомеъ ( бунёдаш соли 1424), Масҷиди Сидисаид (1515) ва Масҷиди Ранисипри (соли 1514) бо мақбараи муҳташам, пештоқ, гунбад ва сутунҳои кандакорӣ бо усули иморатсозии ҳунармандони шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Тирмиз ва Балх қаробат дорад.

Дар Аҳмадобод дар соҳили дарёи Сабармати ашрам (бошишгоҳ)-и Маҳатма Ганди воқеъ аст, ки онро мардум зиёрат мекунанд.

  • Искусство стран и народов мира. Т. 2, М., 1965; ЭСТ. Ҷ. 2, Д., 1980;
  • Бонгард – Левин Г.М. Ильин Г.Ф. Индия в древности. М., 1985;
  • Гусева Н.Р. Многоликая Индия. М., 1987;
  • Новая российская энциклопедия. Т. 2, М., 2005.
{{bottomLinkPreText}} {{bottomLinkText}}
Аҳмадобод
Listen to this article

This browser is not supported by Wikiwand :(
Wikiwand requires a browser with modern capabilities in order to provide you with the best reading experience.
Please download and use one of the following browsers:

This article was just edited, click to reload
This article has been deleted on Wikipedia (Why?)

Back to homepage

Please click Add in the dialog above
Please click Allow in the top-left corner,
then click Install Now in the dialog
Please click Open in the download dialog,
then click Install
Please click the "Downloads" icon in the Safari toolbar, open the first download in the list,
then click Install
{{::$root.activation.text}}

Install Wikiwand

Install on Chrome Install on Firefox
Don't forget to rate us

Tell your friends about Wikiwand!

Gmail Facebook Twitter Link

Enjoying Wikiwand?

Tell your friends and spread the love:
Share on Gmail Share on Facebook Share on Twitter Share on Buffer

Our magic isn't perfect

You can help our automatic cover photo selection by reporting an unsuitable photo.

This photo is visually disturbing This photo is not a good choice

Thank you for helping!


Your input will affect cover photo selection, along with input from other users.

X

Get ready for Wikiwand 2.0 🎉! the new version arrives on September 1st! Don't want to wait?